Дар Фестивали 26-уми байнулмилалии дастаҳои «КВН Кивин-2015» (Клубҳои зарофатгӯёну ҳозирҷавобон) дар шаҳри Сочии Русия ҳудуди 400 даста аз 14 кишвари дунё ширкат меварзанд. Тоҷикистонро дастаи КВН «Мунтахаби Тоҷикистон» намояндагӣ мекунад, ки ҳайаташ аз беҳтарин зарофатгӯёну ҳозирҷавобони ҷумҳурӣ иборат аст.
Роҳбари даста Хайрулло Мирсаидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз 12 то 16-уми январ ҳамаи дастаҳои фестивал дар давраи аввал ҳунарнамоӣ намуда, аз рӯи натиҷаҳои он рӯйхати дастаҳои ба даври дуюм роҳёфта эълон карда шудааст.
«Аз 382 дастаи дар даври аввал ширкатдошта 72 даста ба даври дуюм гузаштанд, ки миёни онҳо дастаи Тоҷикистон низ ҳузур дорад. Барои дастаи мо ин аллакай як дастоварди арзанда буда, дар пеш ҳунарнамоӣдар даври дуюм моро интизор аст, ки аз рӯи натиҷаҳои он дастаҳое муайян карда мешаванд, ки дар барномаи телевизионии Фестивал иштирок хоҳанд кард. Табъи дастаи мо болида буда, омодаем, ки барои расидан ба натиҷаҳои ҳарчи хубтар талош варзем», - гуфт Мирсаидов.
Қобили зикр аст, ки Фестивали мазкур то 25-уми январ идома меёбад. Иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин чорабинӣ бевосита бо дасггирии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста