Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон соли 2014 ба муҳоҷирони кори тоҷик дар Русия барои дастрас намудани беш аз 24 млн. рубли русӣ музди меҳнаташон кумак карда шуд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ роҳбари ин вазорат Сумангул Тағойзода хабар дод.
Ӯ изҳор намуд, ки ҳамчунин 71 қарори судҳои ноҳиявии Русия нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон ва таъиноти манъи вуруди 53 шаҳрвандони кишвар ба қаламрави Русия бекор карда шуда, истеҳслоти 68 парвандаи марбут ба қонушиканиҳои маъмурӣ боздошта шудааст. «Бо мусоидати намояндагии Вазорат 1 ҳазору 975 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойҳои корӣ дар қаламрави Русия таъмин карда шуданд», - гуфт ӯ.
Бино ба маълумоти С.Тағойзода, бо мақсади сафарбарии муташаккили муҳоҷирон барои кор дар хориҷи кишвар, дар сохтори Вазорат Муассисаи дапвлатии «Агентии таъминот бо ҷойи корӣ дар хориҷи кишвар» таъсис дода шудааст. «Айни замон ин муассиса бо корхонаҳои Русия ва Қазоқистон ҳамкорӣ мекунад», - иброз дошт вазир.
Зимнан зикр гардид, ки феълан дар қаламрави Русия 82 ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои диаспораи тоҷикон фаъолият мекунанд, ки Вазорат бо ҳамаи онҳо мудом дар робита аст.




Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло рафта, лекин дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста