Боғи ҳайвонот (зоопарк)-и шаҳри Душанберо ба қаламрави Боғи Ғалаба мекӯчонанд ва барои ин аллакай 5 гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст.
Зимни нишасти хабарии рӯзи 16-уми январ сармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон дар қаламрави боғи нави ҳайвонот корҳои сохтмон ва ободонӣ ҷараён доранд.
Ёдрас мекунем, ки Боғи ҳайвоноти Душанбе аз соли 1961 фаъолият мекунад. Он дар қисмати марказии тарафи рости хиёбони Исмоили Сомонӣ, дар наздикии дарёи Душанбе воқеъ аст. Имрӯз дар боғи ҳайвоноти Душанбе 130 навъи ҳайвонот нигоҳуюин карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Боғи ҳайвоноти Душанбе аз соли 2007 узви Ассотсиатсияи минтақавии авруосиёгии боғҳои ҳайвонот ва аквариумҳо (УРАЗ) буда, бо боғҳои ҳайвоноти кишварҳои узви ИДМ, давлатҳои минтақаи Назди Балтика, Олмон, Лаҳистон, Чехия, Словакия ва Булғористон ҳамкорӣ мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста