Дар шаҳри Хуҷанд боз як маркази савдо ва хизматрасонӣ кушода шуд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, бо назардошти талаботи сокинон ва меҳмонони маркази вилоят дар маҳаллаи «Навбаҳор»- шаҳри Хуҷанд маркази савдои ширкати «Файзи Расул» ба фаъолият оғоз намуд. Бахшида дар расми ифтитоҳи ин мағозаи нав раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Гуфта мешавад, маҳсулоти ширкати мазкур қайҳо маҳбубияти худро дар кишвар ва берун аз он пайдо намудааст, имрӯз номгӯи маҳсулот ва сифати онро бештару беҳтар мекунад. Ҳамрӯза ба хоҳишмандон зиёда аз 20 намуди маҳсулоти гӯштӣ, 6 намуди маҳсулоти ширӣ ва дигар намуди маводи хӯрока, саноатӣ пешкаш карда мешавад.
Масоҳати маркази савдо 160 метри мураббаъро дар бар гирифта,баробари ба фаъолият оғоз намудани мағоза боз 10 нафар сокинони маҳалли мазкур ҷойи кории доимӣ пайдо намуданд.Ҳамчунин бинобар он,ки ширкати маҳсулоти худро дар ин марказ ба фурӯш мегузорад, нархи он 20% нисбат ба дигар мағозаҳо арзон пешкаши харидорон карда мешавад.
Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти ширкати номбурда ба раиси шаҳри Хуҷанд маълумот дода шуд,ки шурӯъ аз оғози сол Ширкати «Файзи Расул» коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодиро низ ба роҳ монда, шириниҳои гуногунро манзури мизоҷон менамояд. Ҳоло дар сехи қаннодии ширкат боз 10 нафар соҳиби кор ва маоши арзанда гаштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста