Рӯзи 19-уми январ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати навбатии кории мақомоти шаҳрдориро доир намуд, ки дар он масъалаҳои амалисозии барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар пойтахт дар соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо назардошти ҷалби имконоти сокинони шаҳр ба идоракунии соҳаҳо, сарфаи вақт ва пешгирӣ аз нуфузёбии тамоюлҳои бюрократӣ дар баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, раиси пойтахт ба муовинони худ, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳо дастур дод, ки шурӯъ аз 20-уми январ ҳамарӯза аз соати 6-и субҳ то 12-и рӯз аз маҳаллаҳои шаҳр боздид намуда, бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронанд ва дар маҳалҳо барои рафъи мушкилоту норасоиҳо чораҷӯӣ намоянд.
Мувофиқи супориши раиси пойтахт, шурӯъ аз 20-уми январ баррасии ҳуҷҷатҳои истеҳсолию қабули шаҳрвандон дар дастгоҳҳои раиси шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳамарӯза баъд аз соати 15 роҳандозӣ карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста