Дар кишварҳои Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ, ки иқтисодашон дар ҳоли гузариш қарор дорад, сатҳи нобаробарӣ ва камбизоатӣ афзоиш ёфта, дар аксари кишварҳои ин минтақаҳо давомнокии ҳаёти одамон нисбат ба сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ кам мешавад. Дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Арманистон аз чоряк то сеяки аҳолӣ дар шароити камбизоатии шадид зиндагӣ доранд. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ бо истинод ба гузориши таҳқиқотии аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милат Муттаҳид (БРСММ) омодашуда иттилоъ медиҳад.
«Таърихан дар давраи пасошӯравӣ дар ин кишварҳо тақсимоти нисбатан баробари даромадҳо, дастрасии васеъ ба низоми таъминоти иҷтимоӣ ва сатҳи пасти нобаробарии гендерӣ боқӣ мондааст», - изҳор доштааст мушовири Маркази минтақавии Барномаи рушди СММ дар Истамбул Бен Слэй.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз аломатҳои аз даст додани ин афзалиятҳо нигаронкунанда буда, мушкилоти нобаробарӣ хусусиятҳоеро касб мекунанд, ки дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи дигар минтақаҳо мавҷуданд.
Муаллифони гузориш таъкид месозанд, ки камбизоатӣ «мушкилоти ҷиддӣ дар кишварҳои на он қадр бойи собиқи шӯравӣ аст», аз ҷумла дар Гурҷистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон.
Коршиносон қайд мекунанд, ки адр кишварҳои минтақа ба истилоҳ «камбизоатони нав» пайдо шудаанд, ки камбизоатони машғул ба кор, аз ҷумла кормандони бахшҳои маориф, тандурустӣ, идлм ва фарҳанг ба қатори онҳо шомиланд ва хатари ба камбизоатӣ дучор гардидан барои аҳолии деҳот хеле зиёд аст.
Гуфта мешавад, давомнокии ҳаёти ҳам занону ҳам мардон дар минтақа коҳиш меёбад. Соли 1960 давомнокии ҳаёти мардон «дар кишварҳои ғарбии ИДМ» аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ 12 сол зиёдтар буда, соли 2012 аз ин сатҳ аллакай ду сол камтарро ташкил дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста