Зимни суханронӣ дар маросими ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон карда шавад.
Президент таъкид дошт, ки соли 2014 аз 95 ҳазору 500 ақди никоҳи сабтшуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд аст.
Бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти никоҳҳои байни хешовандони наздик ва таваллуди кӯдакони маъюб дар ин олиаҳо, президент ба сохторҳои дахлдори ҳукумат дастур дод, ки масъалаи муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон ва пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандони наздикро якҷо бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаматарафа омӯхта, ба Ҳукумат таклиф пешниҳод намоянд.
Ба гуфтаи сарвари давлат, имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд, ки бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд.
«Ахири соли гузашта ман аз хона-интернат барои кӯдакони маъюби ноҳияи Варзоб боздид намуда, як писарчаи 10-солаи ҳарду пояш фалаҷшуда аз ман дархост намуд, ки ба ӯ гӯш диҳам ва ба ба гӯшам чунин гуфт: «Бобо, пойҳоям дард мекунанд, ёрӣ расон!». Ман то ҳол намедонам, ки чӣ гуна ба ӯ кумак расонида метавонам», - қайд кард сарвари давлат.
Президент ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пешниҳод кард, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад. «Баъзан омӯзгорони ҷудогона ба ман мегӯянд, ки ба кӯдакон ҳикоят кардани расму оин, асосҳову одоби оиладорӣ ва мушкилоти оила шармовар аст. Ман ба онҳо посух медиҳам, ки дар ин масъала шармро як сӯ гузоранд, то ки фардо дардовар нашавад», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста