Имрӯз дар муассисаҳои таълимоти динии кишварҳои исломӣ 22 нафар сокинони вилояти Суғд таҳсил мекунанд.
Бино ба маълумоти мудири шуъба оид ба корҳои дини ҳукумати вилояти Суғд Абдуҳаким Шарипов, қаблан дар ин гуна муассисаҳои таълоимӣ 644 нафар сокинони вилоят таҳсил мекарданд, ки 636 нафарашон ба ватан баргардонида шуданд.
«Тибқи маълумоте, ки мо дар даст дорем, аз 8 нафари он ҷо боқимонда 3 нафар расман ва ду нафар бидуни иҷозатнома таҳсил дошта, 2 нафар бо аҳли оилаашон дар Арабистони Судӣ зиндагӣ мекунанд», - иброз дошт вай.
Ба гуфтаи ӯ, 14 нафари ба ватан баргашта бо баҳонаҳои гуногуни муҳоҷирати корӣ, сайру саёҳат ва ғайра боз ба кишварҳои исломӣ раҳсипор гардида, ба таҳсили худ дар муассисаҳои таълимоти динӣ идома медиҳанд.
«Барои бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани ҷавонони аз ин кишварҳо баргашта ва баргардонидани 22 нафар сокинони вилоят аз кишварҳои исломӣ ба ватан мо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳем», - гуфт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки 48 нафар сокинони вилояти Суғд айни замон дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба таҳсили илм машғуланд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста