Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода аз пешбарӣ шудани номзадиаш ба курсии вакилӣ дар парлумон қаонатмандӣ изҳор намуд.
Ёдрас мекунем, ки Раҳимзода аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳриявӣ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони оянда пешбарӣ шудааст.
«Аввалаш ман узви гурӯҳи иқтисодии президенти кишвар ҳастам ва барои гурӯҳ натиҷа муҳим аст, на манфиатҳои шахси алоҳида. Муҳим нест, ки ту дар ин даста дар пеш, байн ё дар қафо қарор дорӣ», - гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири рушди иқтисод.
Вазир қайд кард, ки агар зарур бошад, ба фаъолият дар парлумон баҳри некӯаҳволии мардум омода аст. «Замоне зарурат пеш омад, ки ба ҳайси дипломат ба хориҷи кишвар равам ва он ҷо ҳам кор кардам. Акнун ман барои парлумон зарурам ва ба хизмат дар он омода ҳастам», - таъкид дошт ӯ ва илова намуд, ки «одам вазифаро обод мекунад, на баръакс».
Қобили зикр аст, ки Шариф Раҳимзода яке аз беҳтаринҳо дар гурӯҳи иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон шуморида мешавад.
То сари мансаб омадан ба вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода ба ҳайси сармушовири президент оид ба сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ, раиси мақомоти назорати молиявии назди президенти ҶТ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ, сафири Тоҷикистон дар Белгияву Фаронса, роҳбари намояндагии ҶТ дар сохторҳои Аврупо ва намояндаи домиии ҶТ дар ЮНЕСКО ва НАТО фаъолият намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста