Саидумрон Абдураҳмонзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён зимни нишасти матбуотӣ аз кори Почтаи тоҷик дар ноҳия норозигӣ изҳор намуд.
«Шумо бовар мекунед, ки газетаҳои Шумо то маркази ноҳия меоянду ба хонандаашон намерасанд. Шумораҳои газетаҳо моҳҳо дар почтаи ноҳия ҷамъ мешаванд ва баъдан ба ягон себфурӯш ё семичкафурӯш дода мешаванд. Почта имконияти молӣ надорад, ки газетаҳоро ба обуначиёнаш расонад. Хабарнигор бо чӣ машаққат маълумот ҷамъоварӣ мекунад ва вақту нерӯ сарф карда менависаду маводаш ба дасти хонандааш намерасад. Ин аз рӯи адолат нест. Вақте ман бо роҳбари почтаи ноҳия суҳбат доштам, раисаш изҳор кард, ки то моҳи апрел ба кормандонаш музди меҳнат дода метавонаду халос» - изҳор дошт роҳбари ноҳия.
Дар давоми суҳбаташ Абдураҳмонзода илова кард, ки ҳар як редаксияи газета барои расонидани газетааш ба дасти хонанда ба почта маблағи муайяне пардохт мекунад, аммо почтаи вилоят ва ҷумҳурӣ ба почтаи ноҳия маблағи заруриро намедиҳад, то ки инҳо газетаро ба дасти хонанда расонанд.
«Ман ба муовини бахши идеологиам супориш додам, ки рафта ин мушкилиро бо роҳбарияти почтаи вилоят ё ҷумҳурӣ ҳаллу фасл намояд. Ҳар як шумораи газета бояд то дасти хонандааш бирасад. Ин бемасъулиятист, ки пули обуначиро гириву газетаашро ба ӯ нарасонӣ», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
эшонбача2 феврал, 2015 15:34
ахсан мегуям бар Шумо Раис!!!! ин масъалаи доги натанхо нохияи Шумо балки тамоми нохияхои Чумхури мебошад ва бояд ин мавзуъро касе огоз менамуд. аммо медонам, ки хеч натича намедихад!!!!!!