Анонс
- Дар дафтари кории Кулби коршиносони «Рушди авруосиёӣ» дар Осиёи Марказӣ (ш.Душанбе, хиёб. Рӯдакӣ, хонаи 64, кв. 17, ошёнаи 3-юм) маросими муаррифиномаи гузориши «Ҳуқуқ ба рушд ҳамчун асоси модели нави ҳамгиройӣ дар Иттиҳоди авруосиёӣ» доир мегардад. Оғоз соати 10-30;
- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2014 нишасти матбуотӣ барпо мекунад. Оғоз соати 09-00 дар дафтарии кории Омбудсмен;
- Барномаи GIZ «Шароитҳои доиравӣ ва маблағгузорӣ барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон» (FFPSD), ки аз ҷониби ҳукуматҳои Британияи Кабир ва Олмон маблағгузорӣ мешавад, қабули шунавандагон ба тренинги интерактивиии «Бонкинги стратегӣ – идоракунии бонк дар бозори рақобатнок»-ро эълон мекунад. Бақайдгирӣ ва дастрасии маълумот тариқи телефони: 44 600 68 20 ё почтаи электронии: [email protected] . Маълумоти муфассал дар бораи трениг: http://ffpsd.tj/ .
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 5.3827 сомонӣ;
1 евро – 6.0988 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.0 805 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
1833 — Дар Русия аввалин почтаи шаҳрӣ таъсис дода шуд.
1932 — КИМ ва Шӯрои комиссарони халқи ҶШС Тоҷикистон дар бораи ташкили Кумитаи радиошунавонӣ қарор қабул карданд.
1932 — Бо фармони КИМ ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Ҳисор таъсис дода шуд.
2011 — Президенти Тоҷикистон пурзӯр кардани ҷазо барои ғайриқонунӣ азхудкунӣ ва тақсими қитъаҳои заминро пешниҳод намуд.
2012 — Дар ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ки бо хатсайри Маскав – Душанбе парвоз мекард, тифли навзоди писарча ба дунё омад.
1933 — Зодрӯзи табиб-урологи маъруфи тоҷик, профессор Аслиддин Осимӣ.
1934-1999 — Мавлуди олими соҳаи физика Обидҷон Маҳмадов.
1955 — Зодрӯзи варзишгарзани маъруфи тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон оид ба камонварӣ Зебуннисо Рустамова.
1962 — Мавлуди журоналист Аваз Юлдошев.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан каме барф меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -1+4.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9, рӯзона -2+3, дар доманакӯҳҳо шабона -11-16, рӯзона -2-7.
Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -10-15, рӯзона 0-5; дар шарқи вилоят шабона -23-28, рӯзона -9-14.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан каме барф меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона 0-5.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан каме барф меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +5+7.
Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан каме барф меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +8+10.
Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона 0+2.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -13-15, рӯзона -1+1.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста