Як гурӯҳ сокинони кӯчаи ба номи Ҷ.Зокири шаҳри Хуҷанд ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҳолати садамавӣ ва ҷамъшавии об дар мавсими бориш ба раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, б о мақсади ҳалли ин мушкилот ва шиносоӣ бо ҳолати воқеии муаммои ҷойдошта раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии мутасаддиёни идораҳои ободонӣ, роҳсозӣ, сохтмон, раисони маҳаллаҳо ба кӯчаи мазкур омад.
Кӯчаи мазкур аз буриши кӯчаи ба номи Фирдавсӣ оғоз ёфта то буриши кӯчаи ба номи К. Хуҷандӣ тӯл мекашад. Масофаи кӯча зиёда аз як километрро ташкил дода, барои сокинон ва муҳассилини колеҷи тиббӣ роҳи асосии пиёдагардӣ маҳсуб меёбад. Давоми 20 соли охир мардуми атрофии маҳалла ва пиёдагардон аз ноҳамвории роҳ ва ҷамъшавии зиёди об баъди бориши борон ва барф, ки барои роҳгардӣ имкон намедиҳад азият мекашанд.
Раҷаббой Аҳмадзода баъди шунидани пешниҳоди мутахассисон дастур дод, ки бояд ин муаммо пурра ҳалли худро ёбад.
Дар ҳамин замина раиси шаҳри Хуҷанд ба идораи роҳсозӣ ва сохтмони асосӣ супориш дод, ки давоми як ҳафта якчанд намуди лоиҳаи мукаммали азнавсозӣ ва таъмири роҳи кӯчаи ба номи Ҷ. Зокировро омода намуда, барои баррасӣ пешниҳод намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста