Музди меҳнати миёна дар ноҳияи кӯҳистони Ховалинги вилояти Хатлон дар соли гузашта 956,81 сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2013 ба андозаи 74,7 сомонӣ зиёдтар аст.
Раиси ноҳияи Ховалинг Нурулло Мирзоев зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки соли гузашта қисмати даромади буҷет, ки 7 млн. 369,9 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда буд, ба андозаи 18,8% барзиёд иҷро гардид. «Ин маблағҳо ба соҳаҳои маориф (227 ҳазор сомонӣ), тандурустӣ (37,4 ҳазор сомонӣ), фарҳанг (177 ҳазор сомонӣ) ва варзиш (18,4 ҳазор сомонӣ) равона гардиданд», - иброз дошт ӯ.
Бино ба иттилои раиси ноҳия, ба барзиёд иҷро шудани нақшаҳо беҳбуди заминаи андозбандӣ низ мусоидат намуда, давоми сол 300 ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда шудааст, ки 240-то онҳо (корхонаҳои хурд) ба истеҳсоли маҳсулоти таъиноти саноатӣ ва ниёзи аввалияи мардум нигаронида шудаанд.
«Ба фонди нафақаи ноҳия аз нақша 25,6 ҳазор сомонӣ зиёдтар маблағ ҷамъоварӣ шуд, ки тайи 10 соли ахир бори нахуст дар ноҳия аст», - таъкид дошт Н.Мирзоев.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста