Бо мақсади ҳимоя намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои роҳбарону корхонаҳо ва инчунин пешгирӣ намудани баҳсҳое, ки ҳангоми фаъолияти корӣ байни кордиҳанда ва коргар ба вуқӯъ меоянд, дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарон ва масъулини корхонаву муасисаҳо семинар-машварат баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов зимни суханрониаш дар ин робита изҳор намуд, ки имрӯз дар шаҳр ҳазору 367 адад корхона, ташкилоту муасисаҳо фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 882 адади онҳо байни кордиҳанда ва корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонидаанду халос.
Ҳамчунин муовини раиси Федератсияи Иттифоқи касабаи вилояти Суғд Абдураҳмон Раҳимов дар бораи роҳҳои баста шудани шартномаи коллективӣ маълумот дод. «Шартномаи колективӣ аз рӯзи ба имзо расиданаш эътибор пайдо мекунад, мӯҳлати шартнома бошад, аз ҷониби ҳарду тарафҳо муайян карда мешавад», - иброз дошт ӯ.
Бино ба маълумоти муовини раиси Федератсияи Иттифоқи касабаи вилоят, дар муасисаҳои вилоят ин гуна шартномаҳо ба мӯҳлатҳои гуногун, яъне дар давоми аз 1 то 5 сол ба имзо расонида мешавад, аммо имрӯз бисёр корхонаву муасисаҳо аз бастани чунин шартнома худдорӣ мекуннд.
Гуфта мешавад, Мансур Тоҷиев, сардори раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд қайд намуд, ки бояд ҳар як корхонае, ки зиёда аз 3 нафар корманд дорад, бояд ҳатман ташкилоти ибтидоии итифоқи касабаро ташкил намоянду бо корфармо шатномаи коллективиро ба имзо расонанд. «Дар шартномаи мазкур бояд имтиёзҳо ва ё шартҳои иловаги байни корфармо ва корманд тариқи боб ва моддаҳо ба таври хаттӣ дарҷ гардада бошад. Дар натиҷаи ба шуғли ғайрирасмӣ машғул шудан, шаҳрванд аз имтиёзҳои давлатӣ, яъне гирифтани нафақапулӣи, баромадан ба рухсатии меҳнатӣ маҳрум мешавад», - гуфт номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста