Субҳи имрӯз фазои фурудгоҳи Душанберо тумани ғафс пӯшонда, бар асари он дар ҷадвали парвозҳо тағйирот ворид гардид.
Тавре котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳммадюсуф Шодиев хабар дод, ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои Самара-Душанбе рейси №254 ва Истамбул-Душанбе рейси №2927 алъон аз фурудгоҳҳои худ парвоз накарда, интизори хуб шудани ҳавои фурудгоҳи Душанбеанд.
Мутахассисон иброз доштанд, ки дар хати нишасту парвози фурудгоҳи Душанбе сатҳи биноӣ наздик ба 200 метр аст, ин дараҷаи биниш имкони фурудоӣ ва парвозро маҳдуд месозад.
Ҳавопаймои рейси №201 хатсайри Душанбе-Москва барои парвоз омода аст, аммо иҷозаи парвоз дода нашуда, дар назар аст, бо андаке пароканда шудани туман парвоз амалӣ мегардад. Мусофирони рейси мазкур мушкиле надоранд, аллакай расмияти фурудгоҳиро гузашта, дар ҳавопаймо интизори парвозанд.
Фурудгоҳи Душанбе дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият дошта, бо пароканда шудани туман қабул ва гусели ҳавопаймоҳо оғоз мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста