Ба 182 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз тарафи мақомоти Федеролии муҳоҷирати Россия иҷозаи дубора ворид шудан ба ҳудуди ин кишвар дода шуд.
Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, айни замон, аз ҷониби гурӯҳи экспертӣ ба 140 нафар донишҷӯёни кишвар, ки дар мактабҳои олии Федератсияи Россия таҳсил менамуданд ва 42 нафар шаҳрвандоне, ки оила, патент, иҷозати кор, иқомат барои зист, бемор ва амволи хона доштанд, иҷозаи дубора гирифтанд ва айниҳол бо кумаки кормандони Хадамоти муҳоҷират шаҳрвандони мазкур дар Федератсияи Россия қарор доранд.
Хотиррасон мешавад, ки шаҳрвандоне, ки воридшавиашон ба ин кишвар бо сабабҳои номаълум аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия манъ карда шудааст, бо ҳуҷҷатҳои асоснок оид ба наздикони оила, донишҷӯён, патент, иҷозати кор, иқомат барои зист (Вид на жительство и РВП), беморон ва амволи хона (имущество метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста