Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба сокини маҳаллаи Қазоқони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Гулшан Маҷнунова, ки рӯзи 4-уми феврал модари 4 тифли навзод шуд, манзили сеҳуҷрагӣ ҷудо карда шавад. Чоргоникҳо – 1 писару 3 духтар дар таваллудхонаи рақаи 3-и пойтахт чашм ба олами ҳастӣ кушоданд.
Котиби матбуотии президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 5-уми феврал бо супориши сарвари давлат муовини нахуствазир Марҳабо Ҷабборӣ ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Махфират Хидирова ба ин таваллудхона ба аёдати модари 26-сола рафтанд.
«Онҳо ба оилаи Маҷнуновҳо қарори президент дар бораи ҷудо кардани манзили сеҳуҷрагии бо тамоми шароити зист таъминбударо супурданд, ки калиди он ба онҳо дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз – 20-уми март тақдим хоҳад шуд», - гуфт Шарифзода.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста