Узви палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, директори макиаби таҳсилоти миёнаи умумӣ Гулчеҳра Ғаниева ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро пешниҳод намуд.
Моҳияти тағйироту илова пешниҳоднамудаи Гулчеҳра Ғаниева дар он ифода меёбад, ки дар Тоҷикистон барои тарбияи экологии фарзандон падару модарон бояд масъулият дошта бошанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ин робита хабар дод, ин тағиийроту илова айни замон дар кумитаву комиссияҳои дахлдори ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд
«Директори мактаб ин иқдоми худро бо он маънидод мекунад, ки онҳо ба ҳифзи муҳити зист, камшавии партовҳои ғайриқонунӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва тозоаву озода нигоҳ доштани шаҳру навоҳии кишвар нигаронида шудаанд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки тағийроту иловаҳои зикршударо акнун вакилони даъвати нави палатаи поёнии парлумон баррасӣ хоҳанд кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста