Палатаи поёнии парлумон тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»-ро маъқло шуморид.
Зимни шарҳи тағйироту иловаҳо ба вакилон директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки мутобиқи тағйироту илова, ба сокинони ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби ВМКБ зимни ба нафақа баромадан имтиёзҳо дода мешавад.
«Агар қаблан мардон - сокинони Мурғоб бо собиқаи кории 25 сол ба нафақа мебаромаданд, акнун онҳо бо собиқаи кории 20 сол ҳам ба нафақа баромада метавонанд. Занон бошанд, ба ивази 20 соли собиқаи кории қаблан таъиншуда, минбаъд бо собиқаи кории 15 сол бо нафақа таъмин мешаванд», - иброз дошт ӯ.
Зимнан таъкид гардид, ки мувофиқи имтиёзҳои нав, занони Мурғоб, ки беш аз 5 фарзанд тарбия мекунанд ё кӯдаки маъюб доранд, сарфи назар аз собиқаи корӣ, дар синии 43-солагӣ ба нафақа баромада метавонанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста