Анонс

- Аз 11 то 20 феврал сафири Шоҳигарии Тайиланд дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш.Остона) Чарна Ҷулламона бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад;

- Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ тасдиқи созишномаи сармоягузорӣ бо ширкати «Кока Кола Ичечек А.С.» баррасӣ мешавад;

- Дар маҷмааи «Душанбе-Плаза» дар мавзӯи мубориза бо бемории сил конфронс доир мегардад. Оғоз соати 14-00;

- Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» барои журналистон оид ба инъикоси ҷараёни ҷорисозии ташаббуси шаффофият дар бахши саноати кӯҳкорӣ тренинг барпо мекунад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.3907 сомонӣ;

1 евро – 6.1056 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.08 16 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

2009 — Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси андозро, ки ситонидани роялтиро дар назар дорад, тасдиқ намуд.

2010 — Маросими барафрохтани парчами Тоҷикистон дар деҳаи олимпӣ дар Ванкувер.

2014 — Низоми интиқоли маблағҳои пулии «Мигом» фаъолияти худ дар Тоҷикистонро қатъ намуд.

1915 — Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Маҳмадёқуб Маҳмадюсуфов.

1942 – Зодрӯзи нависанда Софияи Носир.

1950 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ Саид Қурбонов.

1960 – Зодрӯзи журналист Раҳмон Гулзор.

1969 – Мавлуди сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришоти назаррас, дар доманакӯҳҳо баъзан каме барф меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +2+7.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан каме барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -5-10, рӯзона -3+2;  дар шарқи вилоят шабона -17-22, рӯзона -4-9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.           

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона 0+5.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.     

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +11+13. 

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз борон меборад.    

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришот, рӯзона баъзан каме барф меборад.

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -1+1.