Корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ҳамроҳ бо раиси ташкилоти ҷамъиятии автономияи тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Қазони Русия боздид намуданд.
Котиби матбуоти намояндагии мақомоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ бо сардори маркази мазкур Руслан Садреев маълум шудааст, ки дар ин қабулгоҳ 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд, ки бинобар сабаби қонуншиканиҳои маъмурӣ нисбаташон қарори хориҷ кардан аз Русия содир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, корманди намояндагӣ ҳамчунин бо шаҳрвандони тоҷики дар ин қабулгоҳ қарордошта суҳбат ороста, аён шудааст, ки 4 нафари онҳо умуман ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоранд ва расидани ҳуҷчатҳои зарурӣ аз хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русияро мунтазиранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста