Ахири ҳафтаи сипаришуда дар толори бахши бонки “BNP Paribas Fortis” дар ш.Намур, пойтахти музофоти Валлонияи Шоҳигарии Белгия, таҳти сарпарастии шаҳрдории ш.Намур ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони “Тоҷикон дар оинаи таърих”, ки аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Белгия созмон дода шуд, баргузор гардид. Намур бародаршаҳри Кӯлоб мебошад. Намоишгоҳи мазкур, ки то 26 феврал давом дорад, дар чаҳорчӯби рушди ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни Тоҷикистон ва Белгия ташкил карда шудааст .
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо шахсони расмии ш.Намур ва музофоти Валлонияи Шоҳигарии Белгия, роҳбарият ва профессорони Донишгоҳи Намур ва муассисаҳои таҳсилоти олии шоҳигарӣ, олимон, фарҳангшиносон, шарқшиносон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ шаҳрдори Намур Максим Прево зимни суханронӣ ба муносибати ифтитоҳи ин намоишгоҳи ҷолиби аксҳо тазаккур дод, ки он ба тавсеаи робитаҳои фарҳангии Белгияву Тоҷикистон мусоидати фаъол хоҳад кард.
Дар баромади худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев ба ҳозирин дар бораи таърихи кӯҳан ва фарҳангу санъати бойи тоҷикон, ки дар аксҳои рангини ба маърази тамошо гузошташуда инъикос ёфтаанд, маълумот дод. Сафири Тоҷикистон инчунин ба ҷамъомадагон перомуни дастовардҳои кишвари худ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ тайи солҳои истиқлолият нақл намуд.
Сипас профессори Донишгоҳи Лювени Шоҳигарии Белгия Александр Тоуроветс баромад кард. Ӯ таъкид намуд, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги туристӣ аст ва ҳамватанонашро барои сафари хотирмон ба мавзеъҳои нодири фарҳангию таърихии ин мамлакати хушманзараву офтобӣ даъват кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста