Филми “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” бо коргардонии Маҷид Маҷидӣ дар ҳузури вазири фарҳанги Эрон ва ҷамъе аз хабарнигорони эронӣ ба намоиш гузошта шуд.
Гуфта мешавад ин филм яке аз бузургтарин ва пурҳазинатарин филмҳои таърихии Эрон ба ҳисоб меравад.
Филми “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” ҳамагӣ 3 соат буда, ба гуфтаи Маҷид Маҷидӣ ин филм пас аз 7 соли талош омодаи пахш мебошад.
Маҷидӣ гуфтааст он чӣ дар филм аст тибқи оёт ва ривоёт будааст: "Ин филм ба даврони кӯдакӣ ва навҷавонии Паёмбари Аъзам (с) мепардозад".
Маҳмуд Отифӣ, раиси Созмони синамо ва ҳунарҳои Эрон асари синаморо яке аз мондагортарин асари таърихи синамоми Эрон ва ҷаҳон дониста ба сомонаи Defapress гуфтааст: “Латофати ин филм посухи бисёр муҳкам ва бо далел ба ҳамаи касоне аст, ки имрӯзҳо бо суиистифода аз озодиҳои мавҷуд барои расидан ба аҳдофи худ ба Паёмбари Аъзам (с) тавҳин мекунанд”.
Ӯ ҳамчунин гуфтааст: “Филми “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” ба унвони беҳтарин сафири фарҳангии мусалмонон барои тамоми мардуми ҷаҳон хоҳад буд. Ҳар инсоне фаротар аз ҳар дин ва мазҳаб ва эътиқоде метавонад ба беҳтарин ва зеботарин шакл бо ин филм иртибот барқарор кунад ва ташнагии маънавиашро бартараф кунад. Коргардони филм бо ин асари фохир дар дунёи бараҳна аз маънавиёти имрӯз дунболи таҷассум бахшидан ба мафҳуми инсони комил буда ва муваффақ шуда аст”.
Дар ин филм воқеъаҳое чун ҳамлаи лашкари Абраҳа ба Макка, ҳаводиси лаҳзаи валодати Расулуллоҳ (с), пешбинии кашиши масеҳӣ аз нубуввати Ҳазрати Муҳаммад (с) ба унвони хотами анбиё, моҷарои соҳили моҳигирон ва ғайра дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ ба тасвир даромадаанд.
Аввалин филми сохташуда дар бораи Паёмбар (с) ҳудуди 35 сол пеш тавассути филмсоз Фақид Сурӣ, Мустафо Уқод сохта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста