Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Шӯрои ВАО Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) бо сабаби дар ВАО ба табъ расидани маводе, ки дар онҳо асли эҳтимолияти бегуноҳии шахс риоя нагардида, истифодаи журналистон ҳамчун олоти муборизаи сиёсӣ ба назар мерасад, изҳори нигаронӣ намуда, ҳамаи тарафҳои раванди интихоботро даъват мекунанд, ки аз рақобати беинсофона даст кашанд ва ба озодии баёни андешаҳо дар давраи интихобот дар Тоҷикистонро эҳтиром гузоранд.
Дар изҳороти ин гурӯҳи расонаҳо дар ин робита қайд мешавад, ки бо вуҷуди борҳо эълон гаштани иродаи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди дар мамлакат барпо намудани интихоботи баробар, одилона, шаффоф ва демократӣ, баъзе марказҳои қабули қарорҳо ба манфиати гурӯҳҳои алоҳида ва қувваҳои сиёсӣ ВАО ва шабакаҳои иҷтимоиро барои бадномсозии рақибонашон истифода мебаранд.
«Ба хизмати мақомоти ҳифзи тартибот оид ба таъмини суботи ҷомеа, муборизаи онҳо бо унсурҳои ҷиноятпеша арҷ гузошта, дар баробари он қайд менамоем, ки намоиш ва интишор додани иттилоот дар ВАО электронӣ ва матбуот дар бораи қонунвайронкуниҳо набояд ҳадафи сиёсӣ ё ғайр дошта бошад, зеро фақат суд метавонад гуноҳи одамро муқаррар намояд. Тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии фаъолияти журналист, воситаҳои ахбори омма ва журналистон ҳангоми инъикоси парвандаҳои ҷиноятӣ бояд аз пешдоварӣ (ҳакамӣ) оид ба гунаҳкор будани ин ё он шахс худдорӣ кунанд. Вале асли мазкур дар маводи омоданамудаи марказҳои матбуотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷумҳурӣ на ҳамеша риоя мегардад», - омадааст дар изҳорот.
Гуфта мешавад, ҳамзамон, вақтҳои охир ҳамла ба журналистони мустақил дар намуди таъқиб, фишори равонӣ, паҳн намудани иттилооти ба ҳаёти шахсӣ алоқаманд дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мегардад, ки ҳадафи онҳо дар назди ҷомеа бадном кардани онҳо мебошад. Одамон таҳти имзоҳои мустаор иттилоотеро истифода мебаранд, ки ба сирри шахсӣ ва касбии журналистон дахл дошта, шаҳодати ғайриқонунӣ дастрас шудани иттилооти истифодааш маҳдуд мебошад. Баъзе журналистоне, ки худро ба тоифаи ашхоси озодандеш ва мустақил маҳсуб медонанд, ҳадафи чунин ҳамла қарор гирифтаанд.
«Мо комилан мутмаин ҳастем, ки журналистон набояд барои фаъолияти касбиашон, изҳороти иғвогарона ё танқидие, ки номзадҳо дар интихобот ба унвони аҳзоби дигар, номзадҳои дигар, ҳукумат ё муассисаҳои давлатӣ мегӯянд, ҷавобгарии ҳуқуқӣ ё масъулияти дигаре дошта бошанд», - баён мегардад дар изҳорот.
Дар фарҷом аз ҳукумати ҷумҳурӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳолатҳои зуҳури хушунат, тарсондан ва монеа эҷод намудан ба фаъолияти касбии ин ё он намояндаи ВАО-ро пешгирӣ намуда, таҳқиқи мунсифонаи марбути чунин ҳолатҳоро ба роҳандозӣ намоянд, то ки амнияти журналистон, махсусан дар давраи раванди интихобот, таъмин бошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста