Анонс

- Дар пойтахти Лубнон - шаҳри Бейрут  миёни дастаҳои футболи «Салом Ҷҳарта» (Лубнон) ва  «Хайр» (Ваҳдат)  бозии плей-оффи Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 доир мегардад. Ғолиби ин бозӣ ба ҳаққи ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 мушарраф мешавад. Оғози бозӣ соати 18-30 ба вақти Душанбе;

- Дасти мунтахаби Тоҷикистон оид ба каратэ-киокушинай ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиё оид ба ин навъи қувваозмоӣ (18-21 феврал) ба Теҳрон раҳсипор мешавад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.4239 сомонӣ;

1 евро – 6.1707 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.08 69 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1931 – Анҷумани IV-уми Шӯрои ҶШС Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.

2003 — Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳоди гурӯҳи вакилони Маҷлиси миллӣ ва МНМО ҶТ дар бораи зарурати ворид намудани тағйироту илова ба Конститутсияи ҶТ баррасӣ шуд.

2010 — Дар Душанбе 12 узви созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба муҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд.

1940 – Зодрӯзи шоира Ҳадиса Қурбонова.

1959 – Мавлуди ҳунарманди театр Фатҳулло Абдуллоев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар ноҳияҳои домананкӯҳ боришоти начандон зиёд дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона -1+4.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3-8, рӯзона -2+3;  дар шарқи вилоят шабона -13-18, рӯзона -4-9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.           

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона -1+4. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва шомгоҳон борон меборад, субҳ ва рӯзона бидуни боришоти назаррас.     

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +12+14. 

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.    

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда,бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона 0+2.