Анонс

- Дар пойтахти Тоҷикистон нахустин намоишгоҳи маҳсулоти Ҳиндустон доир мегардад. Чорабинӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва ширкати намоишгоҳии «INDO RUSSIA EXPO» бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ созмон дода шуда, дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мегардад. Ифтитоҳи расмии намоишгоҳ соати 10-00;

- Дар толори конфронси меҳмонхонаи «Шератон» Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ маросими оғози расмии ҷорисозии Барнома оид ба саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистонро баргузор мекунанд. Оғоз соати 10-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.4233 сомонӣ;

1 евро – 6.1867 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.087 5 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1959 – Ифтитоҳи Анҷумани IV-уми нависандагони Тоҷикистон. Раиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Мирзо Турсунзода дар мавзӯи «Ҳаёт ва адабиёт» маърӯза кард.

2001 – Ҳукумати ҶТ «Дар бораи чораҳо оид ба тартиб овардани назорати сифати маҳсулоти пахтагӣ» қарор қабул кард.

2002 – Дар Брюссел санад оид ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба барномаи НАТО «Шарикӣ ба хотири сулҳ» ба имзо расид.

2002 — Оғози сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2».

2013 — Дар шаҳри Хоруғ мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи қатли генерал Абдулло Назаров шурӯъ шуд. Мурофиа пушти дарҳои пӯшида дар тавқифгоҳи мувваққатӣ (СИЗО)-и шаҳр ҷараён гирифт.

2014 — Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ба Душанбе ташриф овард.

1926 – Зодрӯзи коргардони кино Муқаддас Маҳмудов.

1929 – Мавлуди шоир Абдуҷалил Воситзода.

1929 – Зодрӯзи оҳангсоз Яхиэл Сабзанов.

1936 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Мухтор Муродов.

1936 – Зодрӯзи шоири русзабони Тоҷикистон Леонид Пашенко.

1940 – Мавлуди шоир Ғоиб Сафарзода.

1943 — Зодрӯзи олим Миродасен Худоиев.

1948 — Мавлуди доктори улуми филология Мирзо Муллоаҳмадов.

1950 – Зодрӯзи Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон.

1951 – Мавлуди Сайдамир Зуҳуров, сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати ҶТ.

1955 – Зодрӯзи оҳангсоз Қудратулло Ҳикматов.

1966 – Мавлуди Ниёзмуродов Саидмурод, собиқ раиси раёсати ҶСК «Агроинвестбонк».

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, ахири рӯз баъзан каме борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона 0+5.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона 0+5; дар шарқи вилоят шабона -12-17, рӯзона -1-6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, шабона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ барф меборад.             

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +1+6. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.     

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16. 

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, ахири рӯз каме борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда,бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд дар назар аст.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +3+5.