Анонс

- Намояндаи Россотрудничество дар ҶТ дар мактаб-интернати солимгардонии ба номи Б.Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ барои омӯзгорони мактабҳои миллӣ оид ба мавзӯи технологияҳои инноватсионӣ дар таълими забони русӣ машғулияти сайёр мегузаронад;

- Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ опера барои кӯдакони «Бузаки ҷингилапо» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 10-30.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.4501 сомонӣ;

1 евро – 6.1083 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.08 81 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1940 – Бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ба театри давлатии академиву драмавии шаҳри Душанбе номи Владимир Маяковский гузошта шуд.

2010 — Ҳизби демократ аз ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ хориҷ шуд.

2014 — Ҳамсари президенти ИМА Мишел Обама ба ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик, директори ташкилоти ҷамъиятии «Перспектива +» Ойниҳол Бобоназарова ҷоизаи International Women of Courage-ро тақдим намуд.

1875 – Зодрӯзи адиб, журналист ва маорифпарвар Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ.

1936 – Мавлуди журналист Тулфор Қадамов.

1947 – Зодрӯзи доктори улуми биологӣ Сафарбек Раҳимов.

1949 – Мавлуди сароянда, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Дона Баҳромов.

1957 — Зодрӯзи рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +8+13.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +2+7.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1-6, рӯзона 0+5; дар шарқи вилоят шабона -14-19, рӯзона -3-8.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.               

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +3+8. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда,  бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16. 

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +1+3.