Дар остонаи ҷашни 8 Март рӯзномаи бритониёии «Гардиан» ба ифтихори занони рӯзноманигори собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ як мавод ба табъ расонид.
Дар ин мавод таҳти унвони «Мо овоз хоҳонем: занон дар паҳнои Шӯравӣ барои ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд» муаллиф рӯйхати занони рӯзноманигори далер аз кишварҳои узви ИДМ-ро тартиб додааст.
Дар ин рӯйхат Тоҷикистонро Олга Тутубалина намояндагӣ мекунад. Нашрия О.Тутубалинаро журналисти ҷасур номида, қайд мекунад, ки ӯ аввали солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон ба фаъолияти рӯзноманигорӣ шурӯъ намудааст: «Дар замони душвор. Дар Тоҷикистон муҳит барои муколама пайваста коҳиш меёфт. Ба назар мерасад, ки сол то сол дар ҳукумати Тоҷикистон ҷасурӣ афзоиш ёфта, таҳаммулпазириву интиқод рӯ ба коҳиш мениҳад».
Гардиан аз даъвои судӣ оид ба парвандаи зиёин дар соли 2013 низ ёдовар мешавад: «Соли 2013 Тутубалина барои нашри иқтибос аз Владимир Ленин дар бораи зиёиён ба ҷавобгарӣ кашида шуда, судро бохт».
«Ин як шоу (мазҳака) буд. Муҳим он аст, ки дар чунин низоми носолим ҳоло ҳам зиёиёни воқеъӣ, соҳибкасбони бовиҷдон, хоксор ва беғараз ҳастанд, ки дар ҳама гуна ҳолат истодагарӣ мекунанд ва ҳамеша чизҳоро бо номи худашон зикр мекунанд», - менависад нашрия бо такя ба гуфтаҳои Тутубалина.
Дар нашрияи бритониёӣ ҳамчунин қайд мешавад, ки дар Тоҷикистон торнамоҳои интернетии расонаҳо бидуни шарҳи сабаб мунтазам баста мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста