Ҳафтаи аввали моҳи март Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бори навбатӣ ба дастрас шудани музди меҳнати муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳаҷми ҳудуди 300 ҳазор рубл мусоидат намуд.
Сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз номи гурӯҳи бинокорони тоҷик зодаи Конибодом Шералӣ Деҳқонов бо дархости кумак ба дастрасии музди меҳнат бо ариза ба намояндагӣ муроҷиат намуда изҳор доштааст, ки щиркати сохтмонии «Веста»-и шаҳри Маскав бо сабабҳои номаълум муддатест, ки музди меҳнати онҳоро пардохт намекунад.
Ба гуфтаи ӯ, баъди гуфтушуниди кормнади намояндагӣ бо раҳбарияти ин ширкат, қисмате аз музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик дар ҳаҷми 250 ҳазор рубл пардохт гардида, ширкат ваъда додааст, ки ҳаҷми боқимондаи маоши муҳоҷиронро дар фурсати наздиктарин пардохт мекунад.
Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин бо мусоидати намояндагӣ ба сокини деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъ Ҳукмиддин Мирзоев низ, ки дар ширкати «Спецстройкомплект»-и шаҳри Подолск машғули кор буд, қарздорӣ аз музди меҳнат ба маблаги 40 ҳазор рубл пардохт карда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста