Толибилми яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт Меҳрубон Тӯраев дар Олмипиадаи кушодаи IX толибилмон оид ба барномасозӣ, ки рӯзи 9 март дар шаҳри Маскав баргузор шуд, ба дарёфти медали тилло ва дипломи дараҷаи аввал шарафёб гардид. Дар Олимпиадаи мазкур беш аз 400 нафар толибилмон аз Русия, Украина, Беларус, Латвия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Тибқи натиҷаҳои марҳилаи ниҳоӣ, ки дар торнамои расмии Олимпиада интишор шудааст , ягона намояндаи Тоҷикистон Меҳрубон Тӯраев бо касби 539 имтиёз ба дипломи дараҷаи аввал ва медали тиллои Олимпиада сазовор дониста шудааст.
Меҳрубон Тӯраев хонандаи синфи 11-уми гимназия-интеинати «Ҳотам ва ПВ»-и Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе буда, бо дарёфти медалу дипломҳо Тоҷикистонро дар як қатор олимпиадаҳои байнулмилалӣ намояндагӣ кардааст.
Қаблан, ахири моҳи январи соли равон дар Олимпидаи байнулмилалии IX толибилмон оид ба математика, физика ва информатика дар Жаутики Қазоқистон Меҳрубон Тӯраев ба гирифтани дипломи дараҷаи сеюм ноил гардида буд .
Меҳрубон Тӯраев дар синни 11-солагӣ аз падар маҳрум гардида, дар тарбияи модараш қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста