Анонс

- Дар дафтари асосии кории ҲНИТ бахшида ба бузургдошти хотираи муассиси ҳизб Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамоиш доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

- Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт нисбати боз ду узви гурӯҳи фаъолияташ манӯъ дар Тоҷикистон «Гурӯҳи 24» ҳукм содир мешавад. Оғоз соати 10-00;

- Дар Суди олӣ мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии даъвои сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев ҷиҳати рӯёнидани зиёни маънавӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 14-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.4781 сомонӣ;

1 евро – 5.8702 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.0 885 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

2003 – Бо фармони президенти ҶТ дар ҷумҳурӣ давраи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандон муқаррарар гардид.

2004 – 4 нафар аъзои ҳизби аз қайд нагузаштаи «Тараққиёт» ба нишони эътироз зидди мавқуф гузоштани бақайдгирии ҳизб дар Вазорати адлияи ҶТ гуруснанишӣ оғоз карданд.

2012 — Зимни мулоқот бо намояндагони ВАО бахшида ба 100-умин солгарди нашри шумораи нахусти газетаи тоҷикии «Бухорои шариф» президент пешниҳод кард, ки ҷазо барои туҳмат сабуктар карда шавад.

2013 — Пас аз таъмиру азнавсозӣ президент ба фаъолияти автовокзали марказии Душанбе ҳусни оғоз бахшид.

2014 — Бо дархости Дафтари федералии тафтишот (ФБР) пулиси Австрия тоҷири украинӣ Дмитрий Фирташро боздошт намуд, ки молики саҳмияҳои назоратии ҶСП КМ «Тоҷик Азот» аст.

1910 – Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Шариф Бобокалонов.

1938 – Мавлуди олим-муаррих Зоҳирбой Воситов.

1938 — Зодрӯзи олими таърихшинос Юсуф Раҳимов.

1959 — Мавлуди нависанда, коргардон Гулбаҳор Мирзоева.

1959 – Зодрӯзи Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

1960 – Мавлуди адиб, доктори улуми филология Салими Хатлонӣ.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +6+11.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -2+3.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2-7, рӯзона +2+7; дар шарқи вилоят шабона -11-16, рӯзона -2-7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.              

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона 0+5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.     

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +15+17. 

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +3+5.