Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар байни ҷавонони аз 18 то 30 сола таҳти унвони «Беҳтарин суханвари ҷавон дар пойтахти кишвар» озмун эълон мекунад.
Тавре раиси ТҶҶ"Созандагони Ватан" Исфандиёр Абдураҳмонов хабар дод, дар озмун донишҷўён, журналистон ва соҳибкорону ҳунармандони ҷавон, ки ҳунари сухангўӣ доранд, иштирок карда метавонанд.
«Мавзуъҳо озод буда, мазмуну муҳтавои он бояд фарогири ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон бошад. Ба ҳар иштирокчӣ барои нишон додани маҳорат аз 3 то 8 дақиқа вақт дода мешавад», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, довталабон бояд дар бораи худ маълумотнома (бо иловаи расм, суроға, нусхаи шиноснома) ва мавзӯи баромадашонро тавассути почтаи электронии [email protected] ирсол ва ё ба Кохи Ваҳдат, ошёнаи 4-ум дастрас намоянд.
«Муҳлати пешниҳоди мавзӯъҳо то 30 марти соли 2015 муқаррар шуда, иштирокчиёни озмун аз 3 то 10 апрел ба суҳбат даъват мешаванд. Рўзи баргузории озмун иловатан эълон хоҳад шуд», - гуфт И.Абдураҳмонов.
Зимнан зикр гардид, ки ғолиби озмун бо 1700 сомонӣ, зинаи дуюм бо 1100 сомонӣ ва зинаи сеюм бо 700 сомонӣ мукофотпулӣ ва туҳфаҳои архишманд қадрдонӣ шуда, ғайр аз ин ҷавонони соҳибистеъдод соҳиби Сертификат хоҳанд шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста