Се нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз Тоҷикистон барои иштирок дар гузашти низомии идона рӯзи 9 май бахшида ба 70-умин согарди Ғалаба дар ҶБВ даъват шудаанд.
Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ Раҳматулло Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки боз ҳафт нафар собиқадорон аз Тоҷикистонро ҳукумати Русия барои иштирок дар Базм (бал)-и ғолибон, ки рӯзи 9 май низ дар шаҳри Маскав доир мегардад, даъват намудааст.
Р.Қудратов қайд кард, ки ба аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 926 нафар собиқадорони ҶБВ иқомат доштанд. Ӯ хотиррасон намуд, ки солҳои ҶБВ беш аз 270 ҳазор нафар тоҷикистониён ба ҳимояи ватан сафарбар шуда, аз ҳар 4 нафари онҳо як нафарашон ҳалок шуданд. Аз Тоҷикистон 54 нафар ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шуданд.
Тибқи маълумоти ВАО-и Русия, гузашти низомӣ бахшида ба ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯзи 9 майи соли равон дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав доир гардида, яке аз бузургмиқёстарин чорабиниҳо дар таърихи муосири давлати Русия хоҳад буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста