Мавориди талоқ дар Тоҷикистон тайи соли 2014 назар ба як соли пеш 14,2 дарсад афзоиш ёфта, 9061 ададро ташкил додааст. Ин бори аввал аст, ки теъдоди оилаҳои пошхӯрда дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар марзи 9 ҳазорро убур мекунад.
«Дар ин муддат шумори сабтшудаи талоқ, ба ҷуз ВМКБ, дар ҳамаи манотиқи дигари Тоҷикистон бештар шудааст», - гуфт ба Хабаргузории “Азия-Плюс” сардори Раёсати омори демографӣ ва шуғли аҳолии Агентии омори назди Ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Қулов .
Коршиносон сабабҳои афзоиши мавориди азҳампошии хонаводаҳо дар Тоҷикистонро умдатан ба муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон, омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, дахолати ноҷойи хешовандон ба ҳаёти оилавӣ, мушкилоти иқтисодиву камбизоатӣ, ҷангу ҷидол ва ҳамдигарнофаҳмӣ, хиёнати зан ё шавҳар, шаробхориву нашъамандӣ ва муқаддас надонистани оила марбут медонанд.

Чӣ боиси хонавайронӣ мешавад?
Як хонуми 35-солаи сокини пойтахт , ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфт, ки баъд аз 13 соли ҳамзистӣ, дар пайи “рашки бемаъниву беасос”-и шавҳар бо ду фарзандаш аз ӯ ҷудо шудааст. «Ҳамин ки кор мебаромадам, фикр мекард, ки ман пеши “кадом шиносам” меравам. Дар ҳоле ки ӯро дар коргоҳ бо ҳама шинос карда будам. Вале нафаҳмид».
Ба гуфтаи ин хонум, дар тӯли ҳаёти муштарак шавҳараш ӯву фарзандонашро аз ҷиҳати молӣ хуб таъмин мекард ва феълан барои фарзандони худ ҳар моҳ 300 сомонӣ “алимент” месупорад.

Хонум Кенҷаева мегӯяд, аз шумори умумии муроҷиаткунандагон 20 дарсадашон мардон будаанд, ки теъдоде аз онҳо мавриди хушунати хонаводагӣ қарор гирифтаанд.
Ба ақидаи ин равоншинос , мушкилот дар нарасидани маърифати оиладорӣ, надонистани роҳҳои бунёд кардани муносибат аст.

«Масъалаи занону кӯдакони бесаробон боиси ба вуҷуд омадани душвориҳои дигар мешавад. Уҳдадориҳои нав, мушилоти иқтисодӣ, сатҳи пасти дониш ва шароити тоқатфарсои занон боиси густариши фоҳишагиву худкушӣ миёни бонувон дар Тоҷикистон шудааст», - афзуд Икромов.

Вале Марям Давлатова дар мавриди муҳоҷирати меҳнатӣ ба унвони як омили азҳампошии оилаҳо гуфт: «Ман ба ин андеша розӣ нестам, ки муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад як омил бошад. Муҳоҷират фақат нишондиҳанда аст. Зеро марду зане, ки оиларо бунёд кардаанд, масъулияти онро медонанд ва барои нигоҳ доштанаш кӯшиш мекунанд. Барои онҳо муҳоҷират халал намерасонад. Мардҳое ҳастанд, ки натанҳо маблағи хуб равон мекунанд, балки дар давоми сол 2-3 бор омада, оилаҳояшонро хабар мегиранд, мушкилоте бошад, бартараф мекунанд. Вале он мардҳое, ки саркашӣ мекунанд, масъулиятро дарк накарда, гурехтан ба муҳоҷиратро яке аз роҳҳои халосӣ аз мушкилоти оиладорӣ медонанд».
Ба иттилои Субҳонов , дар асоси натоиҷи таҳқиқоти илмию демографӣ, 7 соли аввали оиладорӣ давраи бисёр нозук аст ва то пушти сар шудани ин марҳила, яъне таваллуди фарзандон ва нигоҳубини онҳо, тақсими вазифаҳо ва пайдо шудани ҳамдигарфаҳмии навхонадорон, барои таъмини суботи оила волидайн ҳам бояд мусоидат кунанд.
Ҳамсарони дуюму сеюм берун аз омор
Дар солҳои охир масъалаи талоқ ба як амри одӣ табдил шуда, зоҳиран ҷомеа, ба фарқ аз замони Шӯравӣ, чандон майл ба маҳкум кардани он надорад. Бино ба оморҳои мавҷуд, соли 2004 дар Тоҷикистон шумори талоқҳои расман сабтшуда 2600 ададро ташкил дода буд ва дар тӯли солҳои баъдӣ ин рақам ба таври муназзам афзоиш ёфта, ба зиёда аз 9 ҳазор дар соли 2014 расид. Ин омор мавориди азҳампошии оилаҳое, ки дар мақомоти давлатии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) ба қайд гирифта нашудаанд ва ҳам занони талоқшудаеро, ки бар хилофи қавонини дунявӣ ҳамсари дуюму сеюм мешаванд, дар назар надорад.

Қаблан шумори мавориди талоқ дар Тоҷикистон марзи 7 ҳазорро танҳо як дафъа ва он ҳам дар соли 1991 - соли аввали соҳибистиқлолии кишвар убур карда буд. Дар соли 1992 - оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон - низ омори талоқ ҳамчунон баланд буд (6500), вале ин рақам тадриҷан то 2300 ҳолат дар соли 2002 коҳиш ёфт ва баъдан рӯ ба афзоиш ниҳод. Сабаби коҳиши мавориди талоқ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кушта шудани теъдоди зиёди мардум, бавижа мардон ва ҳам фалаҷ шудани ниҳодҳои давлатии масъули назорати ин раванд арзёбӣ мешавад.
Нигаронии давлат
Айни замон масъалаи азҳампошии хонаводаҳо дар кишвар то ҳадде нигаронкунанда аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи се моҳи ахир дар ду ҷаласаи расмӣ ба он ишора ва аз мақомоти дахлдор тақозо кардааст, ки барои пешгирии афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон тадбирҳои муассир андешанд. Сарвари давлат дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии ҶТ (23.01.2015) ва дар суханронияш ба муносибати Рӯзи модар (06.03.2015) сабаби ҷудо шудани оилаҳоро пеш аз ҳама омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона арзёбӣ кард.

Раҳмон зимни ироаи Паём пешниҳод сохт, ки соли 2015 дар кишвар “Соли оила” эълон гардида, барои огоҳӣ ёфтани ҷавонони оянда аз асосҳои зиндагӣ ва омода шудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо роҳи ҷорӣ кардани фанни “Маърифати оиладорӣ” ба шогирдон тадбири манзил ё рӯзгордорӣ таълим дода шавад.
Оё талоқ аз тариқи паёмак равост?
Дар робита ба талоқ тавассути ирсоли паёмаки телефонӣ намояндаи Раёсати фатво чунин изҳор дошт: «Мавқеи дақиқи Маркази исломӣ дар мавриди талоқ бо истифода аз паёмакҳо ин аст: агар худи паёмакнавис иқрор кунад, ки ҳамин паёмакро ӯ навиштааст ва ба ин паёмаки навиштааш розӣ аст, агар мункир нашавад, ҷойи баҳс надорад. Вале агар инкор кунад, ки: “паёмакро ман нанавиштаам, эҳтимол дорад, ки сохтаи ягон нафари ғаразнок бошад”, аз ин нуқтаи назар талоқ воқеъ намешавад».
Бино ба иттилои Хомӯшӣ, 575 шаҳрванд дар давоми соли 2014 ба Маркази исломии Тоҷикистон оид ба масоили гуногуни хонаводагӣ, ибодатӣ ва эътиқодии худ муроҷиат кардаанд. «Аз ин шумор 72 нафар оид ба хатти талоқ пурсиданд, хусусан, нафароне, ки шавҳаронашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, муддати 7 сол, 10 сол ва баъзеашон қариб то 14 сол аз ҳамсару фарзандони худ суроғ накардаанд», - афзуд ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста