Аввали ҳафтаи равон дар шаҳри Брюссел дар бинои Парлумони Аврупо бо ибтикори Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ва бо дастгирии бевоситаи Президенти Парлумони Аврупо Мартин Шултс ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз зиёфати бошукӯҳ баргузор гардид.
Ба гурӯҳи ташкилкунандагони чорабинӣ намояндагиҳои дипломатии Афғонистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия ва Ҳиндустон дар Брюссел, инчунин Намояндагии доимии ЮНЕСКО дар назди Иттиҳоди Аврупо шомил буданд.
Дар чорабинӣ вакилони Парлумони Аврупо, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Брюссел, намояндагони доимии дар назди Иттиҳоди Аврупо ва СААШ, шахсони расмии Вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат, Иттиҳоди Аврупо, СААШ, Паймони Нерӯ, Шӯрои Аврупо, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ВАО, инчунин аъзоёни диаспораи тоҷикони муқими Белгия, Нидерланд ва Люксембург иштирок намуданд.
Аз номи ташкилкунандагон, дар назди ҳозирин бо сухани табрикотӣ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев, Раиси Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле ва Намояндаи доимии ЮНЕСКО дар Иттиҳоди Аврупо Сафир Мари Пол Рудил баромад намуданд.
Ба меҳмонони чорабинӣ хӯрок ва шириниҳои гуногуни миллии кишварҳои иштирокчӣ ва намоиши ашёҳои ананавии косибӣ пешниҳод карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста