Ҳавлу ҳоли зиёиёни музофот, шароити зист, фаъолияту эҷод, дастрасии онҳо ба манобеи илму иттилоъ ва таъминоти иҷтимоияшон чӣ гуна аст? Аҳли зиёе, ки дур аз пойтахт ва шаҳрҳои калон мезиянд, маоши нокофӣ, адами дастгирии мақомоти давлатӣ, набудани шароити мувофиқ барои анҷоми таҳқиқотро аз мушкилоти аслии кору рӯзгори худ унвон мекунанд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки рӯйхати проблемаю камбудиҳои рӯзгори зиёиён дар вилояти Хатлон бо ҳамин тамом намешавад.
Зиёӣ кист?
Ҳар вақте зиёӣ мегӯем, беихтиёр симои олиму омӯзгор, табибу ҳунарманд пеши назар меояд. Зиёӣ шахси таҳсилдидаву равшанфикр аст. Нуру рӯшноии ҷомеа ва намунаи ибрати дигарон маҳсуб мешавад. Дар тасаввури мо зиёӣ нафарест, ки ҳамеша фикри пешрафту такомули илму фарҳанг, рушди забон, дифоъ аз манфиатҳои миллӣ, ба камоли маънавӣ расонидани аҳли ҷомеа, тарбияи шоистаи насли ҷавон дар зеҳнаш чарх мезанад.
Аммо намояндагони интеллигенсияи тоҷик имрӯз дар чӣ шароите кору эҷод мекунанд ва то куҷо аз имконоти воқеии пешоҳанги ҷомеаи мутамаддин будан бархурдоранд?
Сангалӣ Раҳимов , хатмкардаи мактаби олии ҳизбии Тошканд ва устоди риштаи иқтисод дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бар ин ақида аст, ки вазъи иқтисодӣ ва даромади молиявии бахусус зиёии музофотӣ беҳбуд мехоҳад. Ба иддаои ӯ, зиёӣ имрӯз наметавонад китобу рӯзномаҳои бисёреро харида, мутолиа кунад ва ба маҷаллаҳои илмии кишварҳои пешрафта дастрасӣ дошта бошад.

Аз нигоҳи ин устоди донишгоҳ, зиёиён дар замони ҳукумати шӯравӣ барои анҷом додани корҳои илмию эҷодӣ шароити мусоидтаре доштанд. Он замон зиёӣ садршинини маҳфилҳо маҳсуб меёфт ва қадру манзалаташ дар ҷомеа болотар буд. Зиёда аз ин, олимону омӯзгорон бо маводи илмӣ, адабиёту фанноварии лозимӣ таъмин мешуданд ва аз бархе имтиёзҳои иҷтимоии давлат бархурдор буданд.
- Ҳақмузди моҳонае, ки дорам, агар бо нафақапулиам ҳамроҳ кунем ҳам, барои рӯзгордорӣ ва анҷом додани корҳои илмӣ аслан кифоят намекунад, - идома дод Раҳимов. - Дар баробари таълими шогирдон, ҳамчунин дар хоҷагии деҳқонӣ кор мекунам. Дар хонавода 7 нафарем, аммо дар як ҳафта на беш аз 1 кг гӯшт истеъмол менамоем, ки ҳамагӣ 10-15 дарсади талаботи физиологии моро таъмин карда метавонад. Аммо илоҷ чист?
Муаллими деҳа: «Говам доим сер бошад…»
Дар ҳамин ҳол профессор Ҳасани Муродиён низ зиндагии зиёиёни музофотро сангин хонд. Ба ақидаи ӯ, зиёии воқеӣ бояд аз ҷиҳати моддӣ дастнигару ниёзманди касе набошад, бештар ба илму кандуков машғул шавад, барномаҳои рушди иқтисоду иҷтимоъро таҳия созад.
- Дар замони шӯравӣ як шахси зиёӣ, чи дар музофот бошад, чи дар марказ, бо сару либос, донишмандӣ, соҳибкитобӣ ва бо шароити хуби моддию маишиаш аз дигарон фарқ мекард, - мегӯяд Муродиён. - Аммо ҳоло чунин нест. Шояд дар пойтахт як каме вазъи зиёиён беҳтар бошад, вале на дар минтақа. Ба сабаби камии маош зиёӣ барои он ки рӯзи фарзандонашро гузаронад, маҷбур мешавад, рафта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кор кунад, аз пайи молу гов гардад.

- Як дӯстам, ки муаллими деҳотист, боре нақл кард, ки «Агар гови ман гурусна бошад, ҳамон рӯз ба мактаб рафта наметавонам», - идома дод Муродиён. - «Маҷбур мешавам, ки аввал барои чорво алафу хӯрокашро таъмин кунам. Чунки рӯзи ману фарзандонамро ҳамон гов пеш мебарад. Шири ҳамон гов муҷиби зиндагии мост ва ба шарофати он кӯдаконам рӯзгори нисбатан хуб доранд». Яъне маблағе, ки хонаводаи он муаллим аз фурӯши шир дармеёбад, аз маоши моҳонаи ӯ бештар будааст. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, барои он омӯзгор сер кардани шиками гов муҳим аст. Акнун худ қазоват кунед, ки зиёии деҳот дар чӣ вазъ зиндагӣ мекунад…
Академик: «Каҷ шину рост гӯй»

Ба ақидаи академик Комилӣ, агар мо хоҳем, ки фаъолияти илмию эҷодӣ ва ҳаёти иҷтимоии зиёӣ дар деҳот беҳтар шавад, ӯро натанҳо бо ихтисоси қитъаҳои замин барои умури кишоварзӣ, балки бо афзоиши маоши моҳона ва дастгирии иҷтимоию имтиёзҳои маишӣ ҳавасманд созем. Зеро ҷалби омӯзгорону табибони рустоӣ ба деҳқонӣ сабаби як андоза дур шудани онҳо аз рисолати аслии хеш мегардад ва онҳо бо чунин андармонӣ барои бозомӯзию сайқали донишу касбияташон фурсати мувофиқ пайдо нахоҳанд кард.
- Дар мардуми мо мақоле ҳаст, ки «Каҷ шину рост гӯй», яъне метавон рӯйирост гуфт, ки бояд омӯзгорону табибони деҳотӣ бештар ҳавасманд гарданд, то аз «фирори мағзҳо» ҷилавгирӣ шавад, - афзуд Комилӣ. - Таҷриба нишон медиҳад, ки ҷаҳони Ғарб бо ваъдаи маблағу имтиёзҳо беҳтарин олимонро аз кишварҳои дигар ҷалб мекунанд, барои таҳқиқу корҳои лабораториашон шароит фароҳам меоранд. Ба ҳамин васила онҳо ба ҷалби олимони зиёде, аз ҷумла, аз Тоҷикистон ҳам комёб шуданд ва ин олимони тоҷик имрӯз шарафи илми кишварҳои бегонаро боло мебаранд. Аз ин рӯ, бояд олимону муҳаққиқони мо аз дастгирии бештари давлат баҳравар шаванд, то кашфиёти илмӣ дар кишвари худамон сурат пазирад. Барои ноил шудан ба дастовардҳои бештари илмӣ мо ба таҳкими кори мактабҳои рустоӣ муваффақ шавем. Аммо бисёр аламовар аст, вақте ниёзмандии омӯзгори рустоиро ба қаламу коғаз, ба китобу дастурномаҳои корӣ мебинем. Шояд як сабаби нокофӣ будани дониши аҳли зиё дар музофот ҳамин маҳдудиятҳо бошад…
«Кор-хона, хона-кор» - реҷаи маъмули зиндагии зиёӣ
Дар ҳамин ҳол Дилором Холмуродова , пизишки бемориҳои қалб аз шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, шиддати кор ба ҳаддест, ки масалан, ҳамроҳи аҳли хонаводааш ба кинотеатр ё саёҳати беруназшаҳрӣ рафтанро барои худ наметавонад иҷозат диҳад.
- Кор-хона, хона-кор - ана ҳамин аст реҷаи зиндагии ҳаррӯзаи ман, - мегӯяд ӯ. - Маоши мо ҳарчанд солҳои охир бештар шудааст, лекин ҳанӯз ҳам барои он ки истироҳати фарҳангӣ дошта бошем, кифоят намекунад.

Бисёре аз мусоҳибони мо ба беҳшавии вазъи зиёиёни тоҷик дар чанд соли охир таъкид мекунанд, аммо ҳамоно умедворанд, ки барои нашри китобҳои илмӣ, анҷом додани таҳқиқот, ҳафриёт ва озмоишҳо, таҳияи барномаҳои вижа олимон ба ёрмандии бештари молиявӣ даст хоҳанд ёфт.
Албатта, касбу ҳунар, илму дониш натанҳо муайянкунандаи мақоми шахс дар ҷомеа ва асоси обрӯву қадри одам аст, балки он бояд ҳамчунин рӯзирасони инсон бошад.
Як устоди собиқадори донишгоҳ , ки дар гузашта корманди масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон буд, гуфт, ки ҳоло маоши профессори донишгоҳ беш аз ду ҳазор сомонӣ, номзади илм ҳудуди 1,5 ҳазор сомонӣ ва омӯзгорон аз 600 то 1000 сомонӣ мебошад. «Аммо бинед, ки ҳаққи истифода аз обу барқу хизматрасонии коммуналӣ дар Қӯрғонтеппа бисёр баланд аст. Як нафар дар як моҳ барои истифодаи об қариб 13 сомонӣ, барои партов наздики 7 сомонӣ бояд бипардозад. Дар Душанбе, то ҷое медонем, нархи хизматрасонии обу партовкашонӣ ин қадар баланд нест. Барқу андозаш беҳисоб. Қариб нисфи маош бояд барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ сарф шавад. Анҷоми пажӯҳишҳои илмӣ ҳам чандон кори камхарҷ нест. Масалан, барои як мақоларо дар маҷаллаи илмии донишгоҳҳои Душанбе чоп кардан камаш 100 сомонӣ бояд пардохт. Иштирок дар конфронсҳо, нашри китобҳо, тарҷумаи диссертатсия ва дигар тадбирҳое, ки барои ҳимояи як кори номзадӣ ё докторӣ бояд анҷом шавад, сарфи то 5-6 ҳазор доллари амрикоиро тақозо мекунад. Барои ҳамин зиёӣ ҳам маҷбур аст, ки роҳҳои иловагии даромади молиявиро ҷӯё шавад», - афзуд ҳамсуҳбати мо.
«Зиёӣ ченаки баҳои ҷомеаи беруна ба кишвари мост»

Сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда дар рӯзгори аҳли зиёи Тоҷикистон, имрӯз зиёиён ҳамчун як қишри муҳими ҷомеа шакл гирифта, парчамбардори маънавият дар байни халқ мебошанд. Зиёиён талош мекунанд, ки бо тамоми ҳастӣ рисолат ва масъулияти хешро дар назди миллат ва гузаштаву имрӯзаву фардои он ба иҷро расонида, ба таъбири маъмул, «виҷдон, номус, дардошнои ҷомеа ва чашми бедори миллат» бошанд.
Ид муборак, пешоҳангони сарсахт, аммо сарбаланди Тоҷикистон!




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста