Бо қарори ҳукумати ҶТ, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) дар Кӯлоб мақоми Донишкади технология ва менеҷменти инноватсионии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ-ро касб намуд.
Директори собиқ филиали донишгоҳ А.Ниёзов, ки то замони таъини ректор роҳбари муассисаи таълимӣ боқӣ мемонад, ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо касби мақоми нав мустақилияти муассиса дар қабули қарор ва нуфузу эътибори он афзуда, шумори ҳайати кормандон зиёд ва дар кафедраҳо омӯзиши ихтисосҳои нав ба роҳ монда мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ,нахустин тағйирот ин аст, ки ба Донишкада омода намудани 200 нафар донишҷӯён аз рӯйи 8 ихтисос бари минтақаи озодии иқтисодии «Данғара»-ро бовар кардаанд. «Мақоми нави муассиса ба рушду таҳкими ҳамкориҳои мо бо макотиби олии Русия, ки ҳамасола ба онҳо донишҷӯёнамонро мефристем, мусоидат хоҳад кард», - гуфт Ниёзов.
Зимнан зикр гардид, ки рӯзҳои ҷашни Наврӯз муовини раиси шаҳри Воронеж Надежда Савитская, ки ба муносибати пойтахти фарҳангии кишварҳои узви ИДМ эълон кардани Кӯлоб ба шаҳр омада буд, аз Донишкада боздид намуда, ба донишҷӯёни Кӯлоб, ки дар Донишгоҳи технологии Воронеж ва Академияи кишоварзии ин шаҳр таҳсил мекунанд, мусоидат ва кумаки ҳамаҷониба ваъда кардааст.
Қобили зикр аст, ки филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб аллакай муддати 12 сол фаъолият дошта, имрӯз дар ин муассиса 1721 нафар ва ҳамчунин дар даҳҳо мактабҳои олии Русия боз 1200 нафар донишҷӯёни филиал таҳсил мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста