Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз имрӯз, 1 апрел минбаъд тибқи реҷаи нав - аз соати 8-и субҳ то 22-и шаб бидуни рӯзҳои истироҳат кор мекунад.
Намояндаи Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ Муҳаммадиқбол Атоев ба Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин иқдом бо ташаббуси сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, барои кормандони китобхона, ки дар басти дуюм кор мекунанд, барои то манзилашон бурдан автобусҳо ҷудо карда шудаанд.
«Аксари хонандагони китобхона то соати 17-18-и шом ба кор машғуланд, аз ин рӯ, акнун баъди рӯзи корӣ метавонанд аз хизматгузориҳои китобхона истифода баранд», - гуфт Атоев ва илова намуд, ки қаблан китобхона аз соати 8-и субҳ то 19-и шом кор мекард.
Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо соли гузашта имсол шумори хонандагони китобхона 60% ва миқдори хонадагони бахши рӯзномаву маҷаллаҳо 86% афзудаааст.
Китобхонаи милли Тоҷикистон санаи 20 марти соли 2012 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз нигоҳи масоҳат, ғунҷоиши фонди китоб, фарогирии хадамоти китобдорӣ-иттилоотӣ ва фаъолияти фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Дарозии бино 167 метр ва баландиаш 52 метр буда, масоҳати умумии он баробар ба 45 ҳазор метри мураббаъ аст.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дорои 25 толори хониш бо якуним ҳазор ҷойи нишаст, 28 махзани нигоҳдории китобу санадҳо ва 10 толори маҷлисӣ аст, барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст. Имрӯз фонди умумии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 6 миллиону 200 ҳазор нусха маводи чопию электронӣ иборат аст.
Китобхона дорои толорҳои гуногуни хониш, маҳфузгоҳҳо барои нигоҳдории китоб ва дигар асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву лабораторияҳои тармими китобҳо, бахшу шӯъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хадамотӣ аст, ки ҳама ҷавобгӯи талаботи стандарти ҷаҳонӣ мебошанд. Китобхона, ҳамчунин дорои ошхонаю қаҳвахона бо 560 ҷой ва 215 ҷойи нишаст барои тафреҳ мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста