Рӯзи 31 март дар шаҳри Хуҷанд боз як Маркази ташхисии муолиҷавии муосир бо номи «Тибби Аҷам» ба фаъолият шурӯъ намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд дар маросими ифтитоҳи марказ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзида,бо фаъолияти табибон шароити корӣ ва сифати хизматрасонӣ ошно гардид.
Гуфта мешавад, дар марказ 5 дастгоҳҳои ташхисии рақамии ультрасадо, ренген ва ғайра аз кишварҳои Амрико, Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон насб карда шуда, ин намуди таҷҳизоти тиббии рақамӣ дар вилоят нахустин ва аз ҷониби мутахассисони ҷавони баландихтиссос корбарӣ карда мешавад.
Дар Маркази ташхисии муолиҷавии «Тибби Аҷам» баробари ташхис ва 15 намуди муолиҷаи физеотерапевтӣ ҳамчунин беморони касалиҳои дарунӣ ва асаб муолиҷаи шабонарӯзӣ гирифта, барои ин 48 кати бемор бо тамоми шароитҳои муосир барои қабули эҳтиёҷмандон омода карда шудааст.
Барои бунёди ин марказ аз ҷониби Ширкати «Чор додарон» зиёда аз як миллион сомонӣ маблағ сарф карда шуда, муассисони ин табобатгоҳ Ёқубҷон ва Гуломҷон Ғаниевҳо мебошанд. Марказ дорои тамоми имконияти ташхисӣ буда, дорои ошхонаи худ низ мебошад.
Раиси шаҳри Хуҷанд баъди шиносоӣ бо ин марказ барои бунёди чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ изҳори сипосмандӣ намуда, аз табибон ва кормандони он даъват намуд, ки ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, шахсони танҳо, собиқадорони меҳнат, иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ таваҷҷӯҳ намуда барои онҳо имконият фароҳам оварда шавад.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода шуд, ки давоми ду рӯзи аввали фаъолият маркази номбурда барои кулли мизоҷон хизматрасонии бепулро ба роҳ хохад монд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста