Анонс

- Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СААД ба Душанбе ташриф меоранд;

- Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Тоҷикистон ҳамаи хоҳишмандонро ба иштирок дар Чемпионати шаҳри Душанбе оид ба пауэрлифтинг даъват мекунад. Оғоз соати 09-00 дар толори Мактаби махсуси захираҳои олимпии кӯдакону наврасон (СДЮШОР).

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.8405 сомонӣ;

1 евро – 6.2706 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.100 4 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи ҳазлу ханда.

Рӯзи байнулмилалии парандагон.

1945 – Дар ҶШС Тоҷикистон омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии фарҳангу маърифат - феълан коллеҷи фарҳанги ба номи П.Д.Байдаков боз шуд.

1960 – Дар Сталинобод корхонаи истеҳсоли хишти силикатӣ ба фаъолият шуруъ кард.

1987 – Таъсиси нашриёти «Адиб» дар Тоҷикистон.

2000 – Мутобиқи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Комиссияи оштии миллӣ фаъолияти худро қатъ намуд.

2010 — Дар Тоҷикистон Кодески нави мурофиавии ҷиноятӣ мавриди амал қарор гирифт.

2011 — Суди Аврупо шикояти Русия аз рӯи парвандаи Маҳмадрӯзӣ Искандаровро рад кард.

2014 — Таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳодатномаи шахсияти намунаи нав дар шакли кортҳои пластикии идентификатсионӣ (ID) ба ивази шиносномаи хориҷии намунаи соли 1996 оғоз гардид.

1961 – Зодрӯзи Саиди Ёқубзод, раиси Кумита оид ба масоили кишоварзӣ ва экологии парлумони ҷумҳурӣ.

1941 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актрисаи театр Бибимоҳ Маликова.

1943 – Зодрӯзи шоир Султон Шаҳзода.

1946 – Мавлуди журналист Раҳматихудо Додихудоев.

1948 – Зодрӯзи журналист Оғоназар Мавлоназаров.

1951 – Мавлуди профессор Абдулхай Маҳмадаминов.

1951 – Зодрӯзи нависанда ва журналист Додохони Эгамзода, сардабири газетаи «Нилуфар» (Хуҷанд).

1954 – Мавлуди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов.

1955 – Зодрӯзи оҳангсоз Манзура Ҳасанова.

1961 – Мавлуди журналист Абдурауф Муродӣ.

1963 – Зодрӯзи журналист Камоли Қурбониён.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот дар назар аст. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона 0+5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +4+9.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад. 

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +5+10; дар шарқи вилоят шабона -4-9, рӯзона -1+4.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +2+7. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.      

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +9+11. 

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот дар назар аст. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +7+9.