Бо мақсади дарёфти беҳтарин оилаҳо, тарғибу ташвиқи оилаҳои солим, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва бо назардошти эълон гардидани «Соли 2015-соли Оила» Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бобати давоми соли 2015 дар қаламрави шаҳр байни оилаҳо гузаронидани озмуни «Дарёи муҳаббат» қарори дахлдорро ба имзо расонд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, дар ҳамин асос шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахшҳои фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва оид ба дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва тарщиботию ташвиқотии Озмуни «Дарёи муҳаббат» тадбирҳои зарурӣ андешида, низомнома, ҳайати комиссия ва ҳайати кумитаи тадорукотиро тасдиқ намоянд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста