Имрӯз дар маросими рӯнамоии китобчаи «Амнияти рақамӣ барои журналистон» сардабири ҳафтавори «Фараж» Хуршеди Атовулло дар мавриди масъалаи мазкур изҳор намуд, ки амнияти рақамии сомонаҳои Тоҷикистон дар чунин ҳолате қарор доранд, ки ҳамагӣ 1 хакер ба шикастану назорати онҳо қодир аст.
«Имрӯз аксари сайтҳои мо бо чунин сатҳҳои оддии ҳимоя сохта шудаанд, ки 1 хакер метавонад онҳоро шикаставу ба тахрибкорӣ даст занад. Ҳамчунин дар мо мутахассисони соҳибкасбу варзидае, ки ба таҳияи хушсифати торнамоҳо қодиранд, хел каманд ва агар бошанд ҳам, барои кори худ маблағи хеле зиёд талаб мекунанд», - қайд кард Х.Атовулло.
Директори Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» Муҳаммадӣ Ибодуллоев зимни посух ба саволҳои журналистон тавсия дод, ки ҳар ду моҳ рамз (парол)-ҳои аккаунти худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва суроғаҳои почтавиро мебояд иваз намуд.
«Имрӯз дар Тоҷикистон мутахаасисони соҳибкасберо метавон пайдо намуд, ки сомонаҳои шуморо аз ҳамлаи хакерҳо ҳимоя карда метавонанд, вале ҳамааш ба он вобаста аст, ки шумо вақти бунёди сомона назди онҳо чӣ вазифа гузоштаед. Ҳамчунин дар ҳамаи аккаунтҳо рамзҳои якхела гузоштан лозим набуда, ҳар ду моҳ рамзҳоро иваз кардан зарур аст. Ин амнияту маҳфуз мондани маълумоти шуморо таъмин хоҳад кард», - гуфт ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста