Ояндаи наздик ба созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти корӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҳарду кишвар ворид намудани тағйироту иловаҳо дар назар аст.
Бино ба иттилои «Коммерсантъ» , ин ҷо аз ҷумла дар бораи сафарбарии муташаккили муҳоҷирон ва розигии Тоҷикистон ба қабули муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дубора аз Русия сухан меравад, ки аз нигоҳи мансабдорон, дар натиҷа миёни Маскаву Душанбе созишномаи бештар пешрафта дар бахши назорати муҳоҷират мавриди амал қарор мегирад.
Зимни сафар ба Душанбе рӯзи 2 апрел вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ин робита изҳор намуда буд, ки дар ин самт чор созишномаҳои иловагӣ омода шудаанд, ки «ҳадафи асосии онҳо аз фаъолияти пинҳонӣ берун овардани муҳоҷирон ва таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои онҳост, то ки касе онҳоро истисмор карда натавонад».
Дар мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон ин маълумотро қисман тасдиқ намудаанд. «Ин масъалаҳо дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Русия рӯзи 4 март дар Маскав баррасӣ шуда, аммо худи созишномаҳо ҳоло омода нестанд», - иброз доштааст ба «Коммерсантъ» сухангӯи мақомот Абдулло Қодирӣ.
Гуфта мешавад, дар Душанбе ҳамчунин боз ба як созишномаи дигар дар бораи таъмини иҷтимоӣ ва суғуртаи нафақаи муҳоҷирон низ ишора мекунанд.
Нашрия ҳамчунин қайд мекунад, ки тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон аз Русия тайи солҳои ахир ҳудуди 40%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медоданд, аммо имсол коҳиши назарраси он аз эҳтимол дур нест.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста