Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сохтмони пули нави дарозиаш 28 метру бараш 2 метр дар арафаи анҷомёбист, ки ду деҳаи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҳам мепайвандад.
Аз бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки бунёди купрӯк бо дастгирии молиявии Ҷамъияти Салиби Сурхи Олмон ва Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва ҳамчунин ҳукуматдорони маҳаллӣ амалӣ мешавад.
Ба иттилои манбаъ, сохтмони пул дар доираи лоиҳаи «Дастгирии сохторҳои ниҳодӣ дар сатҳи ҷамоатҳо бо мақсади коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар кишварҳои ҳадафноки Осиёи Марказӣ» сурат гирифта, деҳаи Қӯрғончаи Тоҷикистонро ба яке аз деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон бо ҳам мепайвандад.
«Бунёди пул дар доираи ёддошти баимзорасида миёни Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Салиби Сурхи Олмон анҷом дода шуда, барои сохтмони он беш аз 50 ҳазор евро маблағ ҷудо шудааст», - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста