Санаи 15-уми апрели соли 2015 дар шаҳри Маскав ҷаласаи 17-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои ИДМ баргузор мегардад.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ин робита ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон Анвар Бобоев дар ҷаласаи мазкур иштирок менамояд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа мушкилот ва проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишварҳои ИДМ ва дигар масъалаҳои вобаста ба он муҳокима ва баррасӣ карда мешаванд аз ҷумла, доир ба омодагии татбиқи созишномаҳои дуҷониба оид ба принсипҳо ва механизми умумӣ барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави аъзои давлатҳои ИДМ, дар бораи таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маълумотнокии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки пеш аз сафар ба давлати қабулкунандаи муҳоҷират сафар мекунанд.
Инчунин ба гуфтаи Абдулло Қодирӣ, дар ҷаласа атрофи масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, эҳтироми қонунгузорӣ, забон ва фарҳанги кишвари иқомат, роҳу воситаҳои ташаккули муносибати ягона барои рушди усулҳои муҳоҷирати аҳолӣ дар давлатҳои ИДМ ва баҳисобгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва натиҷаҳои машваратҳои коршиносон оид ба лоиҳаи созишнома доир ба мавқеъҳои муштарак ба ҳамгироии муҳоҷирати дарозмуддат аз кишварҳои аъзои ИДМ табодули назар сурат мегирад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста