Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ дод, ки аз ин ба баъд шаҳрвандони синни то 35-солаи Тоҷикистон дигари ба сафари ҳаҷ рафта наметавонанд.
Сухангӯи Кумита Афшин Муқимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин иқдом ба хотири додани имконият ва имтиёз барои қишри куҳансоли мамлакат ҷиҳати адои маросими ҳаҷ пеш гирифта мешавад.
«Азбаски тайи чанд сол аст, ки ҷониби Арабистони Саудӣ ба хотири бозсозии атрофи хонаи Худо 20 фоизи ҳиссаи ҳаҷравандагони кишварҳои мусулмониро ихтисор намудааст, ин тасмим танҳо ба хотири эҳтироми бузургсолон гирифта шудааст, ки синнашон алакай ба ҷое расидаасту тавон ва орзуи адои зиёрати хонаи Худоро доранд», - зикр мегардад дар ин робита дар торнамои расмии Кумита.
Ба гуфтаи манбаъ, вазорату идораҳои дахлдори кишвар талош варзидаанд, ки Арабистони Саудӣ имосл шумори квотаҳо барои Тоҷикистон ҷиҳати ади маросими ҳаҷро то 8 ҳазор нафар зиёд намояд, лекин ин шумор тағйир наёфта, имсол ҳам 6,3 ҳазор нафар шаҳрвандони тоҷик ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф мегарданд. Нархи адои маросими ҳаҷ дар соли равон 3 ҳазору 600 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста