Давоми семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10,3 млн. $ кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии ҳудуди 6 ҳазор тонна аз 25 кишвари дунё ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба ИМА – 24,9%, Словения - 11,2%, Нидерланд – 5,8 %, Дания - 4,6%, Чин - 4,3%, Ҷумҳурии Корея - 2,9%, Австрия - 2,8%, Латвия - 1,8%, Олмон - 1,2%, Афғонистон - 1,0%; кишварҳои узви ИДМ: Русия - 34,7%, Қазоқистон - 1,4% ва дигар кишварҳо рост меояд.