Анонс

- Дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе бо иштироки намояндагони Донишгоҳи миллии таҳқиқотии «Мактаби олии иқтисод» Рӯзҳои илми Русия дар Тоҷикистон ҷараён доранд;

- Даври дуюми мусобиқаи Лигаи олии футбол. Вохӯриҳои: «Парвоз» - «Хуҷанд»; КМВА «Помир» - «Вахш»; «Равшан» - «Хайр» ва «Далерон Ӯротеппа» - «Регар-ТадАЗ». Оғози бозиҳо соати 16-00;

- Дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур маросими қуръапартоии даври дуюми муттаҳидшудаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 ва Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол баргузор мешавад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.0005 сомонӣ;

1 евро – 6.3921 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1154 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1951 – Таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон.

2011 — Дар деҳаи Самсолиқи ноҳияи Нурободи водии Рашт дар натиҷаи амалиёти махсус Абдулло Раҳимов, маъруф ба «мулло Абдулло» ва 16 нафар аъзои гурӯҳи ӯ кушта шуданд.

2014 — Дар Эрон ба созишнома дар бораи сохтмони нақби «Истиқлол» протоколи иловагӣ ба имзо расид.

1916 – Зодрӯзи муаллифи Гимни давлатии Тоҷикистон, оҳангсоз Сулаймон Юдаков.

1945 – Мавлуди журналист, сардабири аввалини рӯзномаи парлумонии «Садои мардум» Муродулло Шерализода.

1991 — Зодрӯзи журналист Меҳрангез Турсунзода.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +24+29.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, ахири рӯз баъзан борон меборад, раъду барқ. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +15+20.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона, бидуни боришот, рӯзона баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +18+23; дар шарқи вилоят шабона -8-13, рӯзона +4+9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +18+23. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, рӯзона туман.       

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, рӯзона туман.    

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +30+32.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +21+23.