Муовини аввали директори корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ҷумъахон Давлатов аз болои газетаи «ВечернийДушанбе» ба суд даъво бурда, 101,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зиёни маънавӣ талаб кардааст.
Директори генералии газета, раиси Иттиҳои журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Давлатов ба матлаби хабарнигор Ҷамила Ҳусейнова таҳти унвони “Почему автобазы превращаются в «кладбища» автобусов?” дар нашрия эрод гирифта, изҳор намудааст, ки ӯ дар ин мавод мавриди таҳқир қарор гирифта, баъди хондани ин матлаб вазъи саломатияш бад ва касалии қандаш авҷ гирифтааст.
«Дар ин матлаб аз зиёд шудани шумори автобусу тролейбусҳои корношоям дар автобазаҳо интиқод шуда, аз номи Ҷумахон Давлатов, собиқ роҳбари корхонаи “Автобус-1”-и Душанбе зикр шудаааст. Дар мавод қайд мешавад, ки ӯ тайи як соли роҳбарияш хешовандонашро дар хобгоҳи корхона ҷой карда, андеша накардааст, ки ин амволи шахсии ӯ несту моликияти давлат аст. Ҳамчунин зикр мегардад, ки баъди роҳбарии Давлатов мушкилот дар корхонаи “Автобус-1” афзуда, аммо ӯро ба ҷои ба ҷавобгарӣ кашидан, баръакс вазифаи баландтар дода, муовини раиси корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” таъин карданд», - иброз дошт А.Сатторов.
Ба қавли муассиси газета, рӯзи 14 апрел онҳо аз суди ноҳияи Синои пойтахт нусхаи даъворо дастрас намудаанд, ки дар он Ҷумъахон Давлатов аз идораи нашрия 100 ҳазор ва рӯзноманигор Ҷамила Ҳусейнова 1,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зиёни маънавӣ тақозо намудааст.
«Ман ба сифати ҷавобгар дар мурофиа иштирок мекунам, зеро директори генералии нашрия ҳастам. Маталабро мо бар асоси далелҳо навиштем ва дар сурати зарурат ин далелҳоро ба суд пешниҳод мекунем. Сипас бигзор худи суд қазоват кунад», - афзуд ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста