Дар видеохостинги YouTube навори видеойии гирдиҳамойӣ назди сафорати Олмон дар Душанбе нашр шуд.
Дар навор дида мешавад, ки занон назди дари оҳании сафорат ҷамъ омада, бо асабоният аз посбон ба назди онҳо баромадани сафирро дархост доранд.
«Мо озодиву тинҷӣ дар Тоҷикистонро мехоҳем», - фарёд мезананд онҳо. Дар ҳамин ҳол, чанде аз занон шикоят мекунанд, ки касоне «кӯшиши ноамн кардани вазъ дар Тоҷикистонро доранд», ки аллакай боре ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, «онҳо шавҳаронашонро талаф додаанд».
«Олмон Додоҷон Атовуллоевро пинҳон мекунад!», - садо баланд мешавад аз издиҳом. Ин гурӯҳ тақрибан аз 15-20 нафар, аз ҷумла 5-6 нафар ҷавонон бо лавҳаву шиорҳо дар дастонашон иборат аст.
Навори видеойӣ дар YouTube рӯзи 14 апрел аз ҷониби корбари шабака Комрон Ҳусейнзода гузошта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 апрел сафорати Олмон дар Тоҷикистон ҳодисаи мазкур назди намояндагии дипломатиро расман шарҳ дод . Дар изҳороти сафорат дар ин робита қайд шуд, ки субҳи имрӯз назди бинои сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе тақрибан 15-20 нафар гирдиҳам омаданд, ки асосан ҷавонон ва занон буда, рӯҳияи шиддатноке доштанд ва панҷараву шишаи зиреҳпӯшро мекӯфтанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста